ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими супоридани худравҳои истеҳсоли Қазоқистон баргузор шуд.
Дар ин маросим роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, намояндагони "Холдинг Азия Групп Тоҷикистон" ва шаҳрдорӣ ширкат карданд.
Расман 55 адад хурави тамғаи JAC S3 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.
Дар маросими супоридани таксиҳои истеҳсоли Қазоқистон роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, намояндагони "Холдинг Азия Групп Тоҷикистон" ва шаҳрдорӣ ширкат карданд.
Қарор аст, ки ин худравҳо барои мусофирбарӣ дар шаҳрҳо ба кор гирифта хоҳанд шуд.
Қарордоди хариду фурӯши худрав дар паи музокироти намояндагони ширкати бимаи KazakhExport, ширкатҳои худравсозии "СариарқаАвтоПром" ва Hyundai Trans Auto бо масъулини тоҷикӣ имзо шуда буд.
Пеш аз ин ширкати тоҷикии "Тоҷ Моторс" ва ширкати худравсозии "Узсавтосаноат" дар бораи хариду фурӯши худрав ба тавофуқ расида буданд.
Ин тавофуқ дар чорчӯби ҳамоиши бозаргоние ба даст омад, ки дар ҳошияи нахустин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Душанбе баргузор шуд. Тавофуқномаи хариду фурӯши худравҳои савориро мудири ширкати "Тоҷ Моторс" Зиё Алигулов ва мудири иҷроии ширкати саҳҳомии "Узавтосаноат" Сарвар Қодиров имзо кардаанд.