ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон назарбоев, муовини вазири дифоъ — Окас Сафаровро аз вазифа барканор ва ба ҷояш раҳбари пешини шӯъбаи амнияти низомии Шӯрои амнияти Қазоқистон Муслим Алтинбоевро таъин кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон хабар медиҳад.
"Бо қарори раисҷумҳур Сафаров Окас Бозоралиевич аз вазифаи муовини вазири Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Қазоқистон озод карда шавад. Бо фармони раҳбари кишвар Алтинбоев Муслим Мухторович муовини вазири дифоъи Ҷумҳурии Қазоқистон таъин шавад", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки Алтинбоев дар баробари ба симати нав таъин шуданаш аз вафизаи пеш —раҳбари шӯъбаи амнияти низомии Шӯрои амнияти Қазоқистон озод карда шуд.
Далели аз вазифа барканор кардани собик муовини вазири дифоъ Сафаров гуфта нашудааст.