ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме видюӣ 65-умин солгарди зодрӯзро ба падараш Эмомалӣ Раҳмон табрику шодбош гуфт.
Ин паёмро Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мунташир кардааст.
Озода Раҳмон, падарашро "қиблагоҳи оқилу одилу донишманду хирадманд" хитоб карда, ба ӯ таманниёти аҳли оила ва қавли фарзандону наберагонашро баён дошта, ба раисҷумҳур обруву нуфузи ҷовидона орзу кардааст.
Дар ин паём аз ҷумла гуфта мешавад:
"Падари азизам, ифтихорам, устодам, роҳбаладу мураббии ғамхорам, имрӯз барои мо аҳли фарзандону наберагон ва пайвандон, як рӯзи пур аз шодмонию саодат аст. Ҷашни бузурги зодрӯзи Шумо бори дигар мо фарзандонро сари як дастархони пур аз навозишу меҳрубонӣ ва шукру сипос ҷамъ овардааст. Зиндагии пур аз нишоту саодати Шумо ва модари меҳрубонамон, давлатсозию давлатдории ҷавонмардонаву пур аз ифтихори миллиатон барои ҳар яки мо фарзандону наберагон мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат аст.
Падари азизам барои Шумо аз даргоҳи Парвардигор саломатӣ, умри пурбаракат, шодию нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обрӯю нуфузи ҷовидонаро орзу менамоям. Бигузор ҳамеша бахту саодат ва сулҳу ваҳдати пойдоре, ки меъмораш шумоед, дар фазои Тоҷикистон азизи мо баландпарвозӣ кунад.
Мо ҳама фарзандону наберагон қавл медиҳем, ки мисли Шумо падари азизам, даст болои дил, барои Ватану сарзамин ва халқи азизи Тоҷикистон содиқона ва бо виҷдони пок хизмат мекунем.
Зодрӯзатон муборак, падари азизу меҳрубонам!"