Созмони федеролии амнияти Русия иттилоъ дода, ки ДОИШ (гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ", ки дар Русия мамнуъ шудааст) барномарезӣ карда, ки шабакаи теруристии ҷаҳонӣ ташкил кунад. Дар паи шикаст дар Сурия ва Ироқ саркардагони ДОИШ кӯшиш доранд шабакаи саросарии теруристии ҷаҳонироберун аз густараи Ховари Наздик падид оваранд, гуфт мудири Созмони амнияти Русия Александр Бортников.
Юрий Швиткин бар ин назар аст, ки ҷангҷӯён касонеро бештар ба домашон меандозанд, ки ҷавону ноогоҳ аз масоили ислом бошанд.
"Шабакаи теруристӣ пеш аз ҳама дар манотиқе густариш меёбад, ки бештар аз ифротгароии исломӣ асарпазир ҳастанд, масалан, чун Афғонистон, ки ҷавонон мусулмониро бо ифротгароии исломӣ иштибоҳ мегиранд", — гуфт Швиткин дар мусоҳиба бо родю Sputnik.
Вай фарохони раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ёдоварӣ кард, ки ҳама нерӯҳои ҷаҳонро ба муқобила бо теруризми байналмилалӣ фаро хонда буд.