ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб бо роҳбари Созмони федеролии гумруки Русия Владимир Булавин дар Душанбе протоколи эътирофи дусӯяи натоиҷи назорати гумруки бархе аз колоҳоро имзо карданд.
Бино ба гузориши Хадамоти гумруки ҶТ, дар ин дидор масоили таъсиси намояндагии Созмони гумруки Русия дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.