Нурсултон Назарбоев 65-умин солгарди зодрӯзро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПереговоры президентов Эмомали Рахмона и Нурсултана Назарбаева 14 сентября 2015 года
Переговоры президентов Эмомали Рахмона и Нурсултана Назарбаева 14 сентября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ вазъу дурнамои равобити ду кишвар ва авзоъи минтақаро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Нурсултон Назарбоев дар ин гуфтугӯ ҳамчунин солгарди зодрӯзро ба Эмомалӣ Раҳмон самимона табрик гуфт.

Дар ҷараёни суҳбат Нурсултон Назарбоев вобаста ба фаъолияти пурсамари давлатии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ӯро дар рушди кишвар ва афзоиши обрӯи байналмилалии он махсусан таъкид намуд.

Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон саҳми Нурсултон дар рушди равобити мутақобилаи ду кишвар дар сатҳи ҳамёрии стратегӣ, ки тамоми соҳаҳои асосии ҳамкориро фаро мегирад, баланд арзёбӣ кард.

"Сарони кишварҳоҳо ҳамчунин бархе аз масоили минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карданд. Суҳбат дар фазои дӯстиву самимият доир гашт", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Лентаи хабарҳо
0