Владимир Путин солгарди зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон 65-умин солгарди зодрӯзашро самимона табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ин суҳбати телефонӣ равобити ду кишвар ва дурнамои рушду густариши ҳамкориҳои роҳбурдӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои минтақаӣ ва масъалаҳои мубрами  байналмилалиро баррасӣ карданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Сарони Узбакистону Белорус зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфтанд

Владимир Путин дар ин гуфтугӯ фаро расидани 65-умин солгарди зодрӯзро ба Эмомалӣ Раҳмон самимона табрик гуфт.

"Суҳбат дар фазои самимият, дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия мебошад, сурат гирифт", — гуфта мешавад дар гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Кремл, раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни зодрӯзаш паёми шодбош низ ирсол карда, ки дар он гуфта мешавад:

"Дар муддати раёсат Шумо тавонистед сулҳу созишро дар кишвар барқарор кунед, арҷгузории ҳамватанон ва обрӯи баланд дар хориҷ аз кишвар ба даст оваред. Бо раҳбарии Шумо Тоҷикистон дилпурона ба сӯи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ роҳ паймуда, дар ҳалли масоили рӯзмарраи минтақаӣ фаъолона ширкат мекунад".

"Саҳми шахсии Шумо дар устуворсозии равобити корёрии роҳбурдӣ ва ҳампаймонӣ миёни Русия ва Тоҷикистон бисёр бузур аст. Мехоҳам омодагиро ба идомаи муколамаи созанда ва кори пурсамари муштарак барои густариши равобити дуҷонба дар ҳама заминаҳо ба хотири беҳзистии мардуми дӯсту бародари Русия ва Тоҷикистон изҳор намоям», — гуфта мешавад дар ин паём, ки матнашро дафтари иттилоърасонии Кремл мунташир кардааст.

Лентаи хабарҳо
0