Сергей Лавров ҳамкории Русия бо кишварҳои Осиёи Марказиро бисёр муҳим хонд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров, архивное фото
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯйкарди Русия ва кишварҳои Осиёи марказӣ ба муҳимтарин масоили минтақа ва ҷаҳон ҳамсон аст, таъкид мекунад вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Корёрии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо теруризм, қочоқи маводи мухаддир ва табаҳкориҳои созмонёфта аҳаммияти вижае дорад, гуфт Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо рӯзномаи расмии "Российская газета".

Ученики в таджикской школе - Sputnik Тоҷикистон
Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бунёд мекунад

"Бо таваҷҷӯҳ ба идомаи бесуботӣ дар Афғонистон, интиқоли ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (ДОИШ, ки дар Русия мамнуъ шудааст) аз Сурияву Ироқ тақвият ва такмили ин ҳамкориҳо аҳамияти вижа пайдо мекунанд", — афзудааст вай.

Лавров ёдоварӣ кард, ки Русия муҳимтарин шарики кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои низомӣ ва низомиву фаннист ва ин кишварҳоро дар рӯёрӯӣ бо чолишҳо ва таҳдидҳои пуршумори амниятӣ ёрӣ мерасонад.

"Бо қаноатмандӣ метавонем таъкид кунем, ки рӯйкарди Русия ва кишварҳои Осиёи марказӣ ба муҳимтарин масоили минтақа ва ҷаҳон ҳамсон ва ё бисёр наздик аст", — афзуд вазири умури хориҷии Русия.

Сергей Лавров ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро "жарфу созмонёфта" хонда ва гуфта, ки Русия дар иқтисоди ин кишварҳо 20 милёрд дулор сармоягузорӣ карда ва ҳамчунин 488 милюн дулор қарзи Қирғизистон ва 865 милюн дулор қарзи Узбекистонро бахшидааст.

Вай афзуд, ки муҳоҷирони корӣ дар солҳои 2013 — 2016 аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 37 милёрд дулор пул интиқол додаанд.

Лентаи хабарҳо
0