Лякин-Фролов аз Орумбекзода сипосгузорӣ кард

© SputnikМинистр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов аз вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар номае барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон сипосгузорӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, сафири Русия дар ин нома аз вазир ва ҳама кормандони вазорат барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон миннатдорӣ кардааст.

Закрытия дней культуры России в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Хайр Душанбе: Рӯзҳои фарҳанги Русия дар ҶТ анҷом ёфт

"Рӯзҳо падидаи муҳиме буданд, ки таъсири бузурге бар рушди равобити фарҳангиву башарии кишварҳои мо расониданд. Тамошобини тоҷик ҳунарнамоии гурӯҳҳои ҳунарии русро, ки на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои кишвар баргузор шуд, бо шавқу завқ ва рӯҳбаландии зиёд истиқбол намуд.

Боварӣ дорем, ки Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон барои таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории роҳбурдии ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Дар навбати худ мо омодаем, ки ба омодагӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар соли оянда кумаки худро расонем», — омадааст дар нома.

Лентаи хабарҳо
0