Ҳушдор аз КҲФ, сангрезиш тундбоду барфу борон: эҳтиёт бошед

© Sputnik / Амир ИсаевДождь в Душанбе, архивное фото
Дождь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд, бахусус дар роҳандозии корҳои саҳро

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обуҳовосанҷон 4-уми октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Шамол шиддат гирифта дар як сония 17-22 метр мевазад. Дар баландиҳои бештар аз 2500 метр борон ба барф табдил меёбад.

"Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд. Бахусус, дар роҳандозии корҳои саҳро ботаваҷҷуҳ бошанд", — омадааст дар хабарнома.

Дар ин рӯз аз ҷамъоварии ҳезум дар манотиқи куҳӣ ва рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор худдорӣ намоед.

Чунки бар асари боришоти шадид имкон дорад дар роҳҳо санг резад ва ин хатари ҳаракат дар роҳҳои мошингардро дучанд мекунад.

Лентаи хабарҳо
0