ДУШАНБЕ, 4 окт— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, рӯзи 3-юми октябр, дар толори ҳукумати Ишкошим маҷлис баргузор шуд.
Дар он иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал Абдураҳмон Аламшозода, муовини раиси МММ Олӣ, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, муовини раиси КДАМ полковник Нусратулло Мирзоев, прокурори ВМКБ мушовири адлияи дараҷаи 1 Асозода Д, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ подполковники адлия Наврӯззода А, раиси ноҳияи Ишкошим Зикрихудо Самадзода ва дигар сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони ноҳияи Ишкошим ширкат карданд.
Дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ишкошим Абдураҳмон Аламшозода мақсад мазмун ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятиро ба аҳолӣ возеҳу равшан шарҳ дод.
"Ӯ аз сардорони мақомотҳои қудратии вилоят талаб намуд, ки риоя намудани талаботи қонуни мазкурро аз ҷониби худ ва фарзандонашон таъмин намоянд",-омадааст дар хабарнома.
Ғайр аз инАламшозода дар мулоқот бо сокинон вазъи ҷинояткориро дар ноҳияи Ишкошим мавриди таҳлил қарор дода, оиди волоияти қонун, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳаракатҳои террористию экстримистӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Ишкошим баррасӣ кард.
Манбаъ меафзояд, ки генерал аз ҷумла дар бораи воситаҳои нақлиётӣ бе рақами қайди давлатӣ, сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар қойдавайронкуниҳоро дар қаламрави ноҳия муҳокима кардааст.