ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКХ, рӯзи 3 октябр вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири навтаъйини Олмонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Сироҷидин Аслов ба Найтхарт Хёфер-Виссинг дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.
Пештар намояндаи Олмон дар Тоҷикистон сафир Ҳолгер Грэн буд.