ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ҳангоми дидори Владимир Путин ва раҳбари Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар Ишқобод ҳодисаи аҷиб рух дод.
Замоне, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ордени ба номи Александ Невскийро тақдим мекард, муҷрӣ натавонист номи падари Бердимуҳаммадовро талаффуз кунад.
Навори ҳодисаи ғайримаъмулиро "Комсомолская правда" нашр кардааст.
С третьей попытки: Диктор не сразу выговорил отчество Бердымухамедова во время награждения орденом Александра Невского pic.twitter.com/HXXvlA67qp
— Дмитрий Смирнов (@dimsmirnov175) 2 октября 2017 г.
Ба хатогии муҷрӣ нигоҳ накарда, Путин орденро ба Бердимуҳаммадов тақдим кард. Бердимуҳаммадов таҳти қарсакҳои пурмавҷи ҳозирин, ҷоизаро бо табассум қабул кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин пас аз хомӯшии зиёд, рӯзи бо сафари расмӣ аз Туркманистон бозидди кард. Ёдоварӣ мекунем, ки пештар ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ҳамкориҳои Русия ва Туркманистонро дар соҳаи кишоварзӣ қабул кард.