ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мудири Созмони амнияти Русия, раиси Кумитаи мубориза бар зидди теруризм генерал Александ Бортников ба ҳамкорони хориҷиаш ҷиҳати кумак дар мубориза бар зидди теруризм изҳори миннатдорӣ кардасаст.
"Теруристҳои байнулмилалӣ миқёсан фаъолияташонро иваз мекунанд. Онҳо кӯшиш доранд ба зудӣ ба ҳаводиси тағйирёфта мутобиқ шаванд. Боварӣ дорам, ки вазифаи умумии мо, аз онҳо пештар қадам гузошотан аст ва нақшаҳои ғайриинсонаашонро пешгирӣ кардан", — гуфт Бортников.
Ӯ қайд кард, ки вазифаро фақат ҳамҷоя мешавад иҷро кард. "Дар ин росто, ҳамкорони азиз мехоҳам миннатдориамро ба ҳамаи ҳамкорон барои ҳамкории фаъолона дар мубориза бар зидди теруризм баён кунам", — гуфт мудири ФСБ Русия.
Ба гуфти ӯ дар соли 2017 ҳамкориҳо бо мақомоти қудратии Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Миср, Куреи Ҷанубӣ, Чехия, Австрия ва Сербия махсусан самаранок буд.
"Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯии муштарак чандин амалиёти теруристӣ пешгирӣ шуда бархе аз ҷангҷӯён боздошт ва бозпурсӣ шуданд", — гуфт Бортников.