ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумиии Вазорати фарҳанг, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон аз 10 то 14 октябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.
Барнома аз намоиши аккосии "Тоҷикистони муосир", намоиши "Китобҳои Тоҷикистон", намоиши ду филми пурраи Носир Саидов "Қиёми рӯз" ва "Муаллим" намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
"Дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошканд Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Олимов Дамирбек ҳунарнамоӣ мекунанд", — омадааст дар хабарнома.
Ҳунари рақси миллиро дар Узбакистон Ансамбли рақсии "Зебо" муаррифӣ хоҳад кард.
Айни замон ҳайъати ҳунариву эҷодӣ ва расмии Рӯзҳо дар мувофиқа бо ҳукумат тасдиқ гардида, корҳои омодагӣ бо муваффақият идома доранд.