Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.
Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.
19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

24 феврали соли 2009. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи Дмитрий Медведев-раисҷумҳури Русия ҳангоми гаштугузор дар қароргоҳи ҳукуматии "Рус".

Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони Русия.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Лахш.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор.

Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сохтмонии нерӯгоҳи Роғун.

Пешвои миллат ҳангоми зиёрати хонаи Худо.

Эмомалӣ Раҳмон дарахт мешинонад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Адлер.

Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

10/12
© Фото : Пресс-служба президента РТ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи сохтмони нав дар вилояти Хатлон.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон.

12/12
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон