Додгоҳи Душанбе як ҷангҷӯи тоҷикро барои 12,5 сол зиндонӣ кард

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСотрудник правоохранительных органов производит арест
Сотрудник правоохранительных органов производит арест - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми ҷангҷӯӣ дар Сурия барои 12 солу 6 моҳ зиндонӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши Додситонии кулли Тоҷикистон, додгоҳ Дилшод Абдураҳмоновро муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) кардаву муҷрим шинохтааст.

Российская боевая авиация на аэродроме Хмеймим в Сирии - Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ дар Сурия 7 фармондеҳу беш аз 300 ҷангҷӯяшро аз даст дод

Гуфта мешавад, ки вай соли 2016 барои корҷӯӣ ба шаҳри Маскав рафтаву пас аз чанде дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бо "Абусалоҳ" ном як таблиғгари ДОИШ ошно мешавад ва ба ин созмони теруристӣ мепайвандад.

Дилшод Адбдураҳимов мехоста аз роҳи Туркия ба Сурия раваду дар ҷанг ширкат кунад. Бо ин қасд вай барои парвози Максав — Истамбул дар торихи 16 июли соли 2017 билет харида будааст. Вале кормандони нерӯҳои амниятии Маскав ӯро дар фурӯдгоҳи Жуковский боздошт карда ва ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон супурдаанд.

Лентаи хабарҳо
0