ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, яке аз ин ҷонишҷӯён 24-солаву аз ноҳияи Деваштич буда ва донишҷӯи соли чаҳорум аст. Дигаре — 23-солаву аз ноҳияи Мастчоҳ буда, донишҷӯи соли панҷум аст.
Гуфта мешавад, ки онҳо 27 сентябр бо як ҷавони 21-солаи хуҷандӣ ҷанҷол карда, ӯро сахт лату кӯб кардаанд. Ин ҷанҷол дар назди маркази дилхушии "Боирҷон", воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд рух дода будааст. Дар паи ин лату кӯб ҷавони хуҷандӣ сахт захмӣ шудааст.
Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардаву бозҷустро идома медиҳанд.