ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУД ҶТ, 2 октябр дар раванди амалиёти бозҷӯӣ кормандони милиса мардеро ба иттиҳоми куштор дастгир карданд.
Ин шаҳрванд 42-сола ва бошандаи деҳаи Гулрези ноҳияи Ваҳдат буда, ки пештар низ аз рӯи моддаи 200 қисми 3 Қонуни ҷиноии ҶТ зиндонӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки вай моҳи августи соли 1998 дар деҳаи Кофарниҳони ноҳияи Ваҳдат бо як бошандаи ноҳияи Нуробод, ки он замон 31-сола буда, ҷанҷол карда, ӯро бо силоҳи оташфишони "АКС" куштааст.
ВУД ҶТ барои бозҷӯии ин қазия аз рӯи моддаи 104 қисми 1 Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз кардааст.