ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бовар Абдураҳмонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ошноӣ бо Лидуш Ҳабиб, зиндагӣ дар Маскав ва вазъи забонҳои помирӣ гуфтугӯ кард.
Бовар аз шашсолагӣ сурудҳои Лидуш Ҳабибро гӯш мекунаду ишқи самимӣ ба эҷодиёти шоиру овозхони дӯстдошта ӯро ба ҷодаи шеъргӯӣ овард.
"Бовар дорам, дар Бадахшон касе ёфт намешавад, ки суруду шеърҳои Лидуш Ҳабибро надонад. Лидушро натанҳо дар Бадахшон, балки берун аз он ҳам мешиносанд, чунки ӯ дарди дили мардумро месуруд", — гуфт Бовар.
Вале ӯ мегӯяд, муҳимтар аз илҳом гирифтан аз Лидуш Ҳабиб ин аст, ки ростгӯӣ ва шӯх буданро низ аз ӯ омӯхтааст.
"Ҳар ҷо, ки беадолитию бевиҷдонӣ авҷ мегирифт, Лидуш онро бе тарсу ҳарос ба қалам додаву ошкоро интиқод мекард. Ӯ ҳамчунин бо шеърҳояш ишқи худро ба Ватану мардумаш бисёр зебову воло бозгӯӣ кардааст. Ишқ яке аз мавзуъҳои марказии ашъори Лидуш Ҳабиб буд. Ӯ ишқу ошиқиро дар сурудаҳояш бисёр ҷаззоб ба риштаи назм кашидааст. Аз барои ҳамин тасвири эҳсосоти ошиқона ӯро дар Бадахшон аз хурд то бузург дӯст медоранду сурудҳояшро зам-зама мекунанд.
Гумон дорам, ки аз Лидуш Ҳабиб бисёр чизҳоро омӯхтам. Шеърҳои ӯ ба ман илҳом мебахшанд. Бо гузашти солҳо маънои шеърҳои Лидушро хубтар дарк мекунаму бузургии ӯро бештар мефаҳмам. Яке аз боризтарин вижагиҳои шеърҳои Лидуш содаву равон буданашон аст. Ин ҳунарест бисёр шигарф — бо вожаҳое сода мушкилоту фалсафаи зиндагиро ба қалам додан. Яке аз муҳимтарин дарсҳое, ки ман аз Лидуш омӯхтаам, ростгӯӣ аст.
Бархе аз шеърҳои Лидуш ҳаҷвианд. Бисёре аз мардум ӯро барои ҳамин сурудаҳои ҳаҷвиаш бештар дӯст медоранд. Ҳаҷвнигорӣ ҳам яке аз ҳунарҳои Лидуш Ҳабиб буд. Гумон дорам, ки ин дарсро ҳам аз Лидуш ёд гирифтам, шухӣ мекунам", — мегӯяд бо лабханд Бовар ва меафзояд, ки шеъргӯиро ҳам аз шухӣ оғоз кардааст.
"Ман дар шеъргӯӣ Лидуш Ҳабиб ва Саш Заифиро устодонам медонам. Шеърҳои ин ду шоир ба ман илҳом мебахшанд".
Соате бо Лидуш Ҳабиб
Камбахтона, ман ҳаргиз дар маҳфилу шабнишинҳо бо Ҳабиб ҳамсуҳбат нашудаам. Ин орзуе буд, ки ҳаргиз бароварда нашуд. Танҳо боре дар соли 2001 ногаҳонӣ ӯро дар кӯчае дучор шуда будам. Он шаб ӯ як соат бо мо буд. Ӯ сухан мегуфту мо хомӯшу ҳайрон ба ӯ нигариста аз гуфтораш лаззат мебурдем.
Ӯ чунон одами хоксор буд, ки мо дар суҳбат тафовути синну соламонро эҳсос намекардем. Чунин менамуд, ки ӯ ҳамсоли мо бошад. Ӯ номдор буд, вале ҳавобаланд набуд. Ин хислати ӯро беш аз ҳама дӯст доштам. Ман он шабро, ки бо Лидуш Ҳабиб ҳамсуҳбат будем, ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард.
"Шоир набояд барои номдории худ ширинзабониву лаганбардорӣ кунад, балки воқеиятҳоро бигӯяд ва беадолатию бевиҷдонии ҷомеаро ба хотири ислоҳаш бозгӯ кунад ", — бовар дорад Бовар.
Агар шоир рост гӯяду аз беадолатию бевиҷдонӣ сарояд, мардум ӯро дар дилаш ҷой медиҳад. Ӯ шоири халқӣ шумурда мешаваду номаш дар дилу ёдҳо ҷовидон мемонад.
Зиндагӣ дар Маскав ва шоирӣ дар шабҳои тор
Зиндагиву кор дар Маскав басе душвортар аз Тоҷикистон аст. Бештари вақти муҳоҷирон дар паи кор мегузараду аксари мардум аз дигар корҳои дӯстдоштаашон ба хотири дарёфти пулу пешбурди зиндагӣ фаромӯш мекунанд. Вале Бовар бо вуҷуди камбуди замон барои эҷоди шеър вақт пайдо мекунад.
"Шароите, ки барои шоирӣ ва шеъргӯӣ барои ман лозим аст, ростӣ ки ин ҷо нест. Дар Маскав зиндагӣ барои коргарон сахт аст, вале барои бекорон душвортар аз он аст. Ба далели камбуди музди кор зиндагӣ дар ҷомеаи пулсолор чунон ки бояд, осон нест", — мегӯяд Бовар.
"Аз ин рӯ, бештар шеърҳоямро шаб эҷод мекунам, ки замони хомӯшӣ аст ва дар ин вақт касе халалам намерасонад. Вале шеър гуфтан ба илҳом вобаста аст. Мешаванд ҳолатҳое, ки ҳангоми кор мисраъҳо дар сарам чарх мезанад ва ман онҳоро дар хотир нигоҳ медораму шабона рӯи қоғаз менависам".
Бовар аз соли 2003 то кунун дар Русия ба сар мебарад. Ба гуфти ӯ, дар ин муддат чандин кори душвору осонро иваз кардаву ҳамакнун дар ширкати сохтмоние кор мекунад.
Забонҳои помирӣ то 50-70 соли дигар нест мешаванд, агар…
Ин шоири ҷавон забонро яке аз василаҳои аслии нигаҳдории фарҳангу адаб медонад. Яке аз ҳадафҳои Бовар аз эҷоди шеър ба забони шуғнонӣ посдошти ин забон аст. Ӯ бо дидгоҳи ЮНЕСКО дар ин бора, ки забонҳои шуғнонӣ, ишкошимӣ ва бартангӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд, мувофиқ аст.
Ба гуфти Бовар, агар 50-70 соли дигар зиндагии мардуми Бадахшон дар муҳоҷират сипарӣ шавад, ин забонҳо аз миён мераванд ё забонварон ба маротиб кам мешаванд.
"Масалан, мо бо насли наврасе, ки дар Маскав бузург шудаанд, дар маҷлисҳо вомехӯрем. Онҳо талаб мекунанд, ки маҷлисҳо ба забони русӣ баргузорр шавад, чунки онҳо на забонҳои помирӣ ва на тоҷикиро хуб намедонанд. Яъне насле, ки аз онҳо ба дунё меояд, бояд ба кадом забон ҳарф занад? Албатта, ба забони русӣ".
Бовар мегӯяд, ки танҳо бо шеър намешавад пеши роҳи нобудии забонҳои помириро гирифт. Ӯ пешниҳод дорад, ки созмонҳои давлативу мардумниҳод барои посдошти ин забонҳо барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ва дарсҳо роҳандозӣ ва баргузор кунанд.
Имрӯз дар миёни ҷавонон ҳаводорони Лидуш Ҳабиб ва Саш Заифӣ, ки аксари ашъорашон ба забони шуғнӣ аст, бешуморанд. Ҳастанд овозхононе, ки сурудҳои онҳоро ба сабки хос мерасоянд. Ин бисёр шодиовар аст, мегӯяд Бовар.
Ба гуфти вай, Саш Заифӣ яке аз комёбтарин касонест, ки роҳи Лидуш Ҳабибро рафтаанд, вале ӯ худ низ дар ин роҳ чандон пешрафт карда, ки ҳунари бардӣ ё шоириву овозхониро бештар ривоҷ дод.
"Ман умед дорам, ки рӯзе шеърҳои Лидуш Ҳабиб ва Саш Заифӣ дар китобе мунташир мешаванд", — гуфт Бовар.
Вай мегӯяд, бо ҳамшаҳриҳои бисёре дучор мешавад, ки аз зиндагии душвор, кори сангину шароити номусоид дар Русия шикоят мекунанд. Ба гуфти ӯ, мардум бояд ҳамеша дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро дар душтвортарин рӯзҳои зиндагӣ ёрӣ бирасонанд.
"Ман дар шеърҳоям фикри шахсиамро мегӯям. Ман дар бораи мардум менависам, дар бораи бародарӣ, тифоқӣ, мутаҳҳидӣ, фикрамро дар бораи сиёсат мегӯям. Шояд касеро писанд оянду бархеро ба хашм оваранд. Ман намехоҳам дидгоҳамро ба дигарон бипазиронам. Вақте шеър менависам, дар ҷаҳони дигар ҳастам. Шеър гуфтан зиндагиву ҳунари ман аст".