ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Нависандаи маъруфи Узбакистон Нуруллоҳ Отахонов, ки ҳафтаи гузашта ба иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳукумат дар Тошканд боздошт шуда буд, озод шудааст.
Отахонов ҳангоми бозгашт аз Истамбул дар фурудгоҳи Тошканд дастгир шуда ба калонтарии пулис бурда шуда буд. Раҳбари раёсати Кумитаи бозҷӯии Тошканд Дониёр Тошхоҷаев ба рӯзноманигорон гуфт, ки нисбати Отахонов ҳанӯз 11 май парвандаи ҷиноӣ боз шуда буда ва ӯ ба иттиҳоми ба даъват ба сарнагун кардани ҳукумат дар пайгарди қонун қарор дода шуда буд.
"Раҳбари Кумитаи бозҷӯии ноҳияи Яшнобод падарамро бо худрави идораашон аз Тоштурма то дари хонаамон овард. Мо шодии бузург дорем!", — навиштааст писари нависанда дар сафҳааш дар Facebook.
Ба гуфти ҳамсари нависанда Отахоновро ба шарти рафтори хуб озод кардаанд. Ӯ ёддоварӣ кард, ки шавҳараш то ҳол ҳамчун гумонбар дониста мешавад ва амалиёти ҷустуҷӯӣ аз рӯи парванди ҷиноӣ идома дорад.
Нисбати Отахонов аз рӯи моддаҳои "Даъвати ҳамагонӣ ба тағйири сохтори ҳукуматӣ" ва "Омодасозӣ, нигаҳдорӣ ё намоиши маводи мазмуни таҳдид ба амнияти ҷамъитӣ" парванда боз шуда аст. Ин иттиҳомот то 8 соли маҳрумият аз озодиро дар пай доранд.
Отахонов (тахаллуси эҷодии Нуруллоҳ Муҳаммад Рауфхон) донишомӯхтаи бахши забони узбакии донишкадаи забоншиносии Донишгоҳи Тошканд (соли 1981) аст. Ӯ муаллифи чандин асар, филмномаҳо ва ҳамчунин асарҳои публисистӣ ва адабӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин сарвиростори яке аз маъруфтарин маҷаллаҳои Узбакистон "Ҳидоят" аст.
Ба гузориши расонаҳо, нависанда соли 2015 бо сафари корӣ ба Туркия рафт ва қарор дод, ки барои муддати муайяне ба Узбакистон бар нагардад.