ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон се донишҷӯеро ошкор карда, ки бо худрави хусусӣ ба донишгоҳ ҳозир шуданд.
Бар асоси Қонуни танзими ҷашну маросим, ин донишҷӯён аз донишгоҳҳо ихроҷ карда хоҳанд шуд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии ВҚД ҶТ, Аслиддин Амирҷон донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи давлатии Аграрӣ, Нурибек Норматов, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Аграрӣ, ва Ислом Асролов, донишҷӯи соли дувуми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Душанбе, муттаҳам ба қонуншиканӣ шудаанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки бар асоси ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудаанд, рафту омади донишомӯзону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо бо худрави хусусӣ қатъан мамнуъ аст.
Барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз донишгоҳҳо барои се сол ва донишомӯзони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо ва мактабҳо барои як сол аз муассисаҳои омӯзишӣ ихроҷ карда мешаванд.