Нақшофаринии Манижа Сангин дар рекламаи МТС

© Instagram/ MANIZHAТаджикская певица Манижа, архивное фото
Таджикская певица Манижа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони тоҷики муқими Маскав Манижа Сангин дар наворе, тарофаи нави интернетии ширкати МТС-ро реклама мекунад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сарояндаи тоҷик Манижа Сангин дар навори таблиғотие нақш офаридааст.

"Нахустин нақши ман дар навори рекламавии МТС. Хайр, ба шумо писанд омад? Фақат росташро гӯед. Маро дар тамоми кунҷу бурҷи шаҳр дарёбеду пас бигӯед, ки кӣ ин ҷо таваҷҷуҳ ҷалб мекунад", — навиштааст Манижа дар шабакаҳои интернетӣ.

Публикация от MANIZHA (@manizha) Сен 30 2017 в 10:19 PDT

 

Манижа барои нақшофарӣ дар  рекламаи ширкати мобилии МТС тасодуфӣ интихоб нашудааст. Чун ӯ яке аз камшумортарин овозхонони замони муосир ҳаст, ки аз ҳама гуна барномаҳо ва шабакаҳои интернетӣ фаъолона истифода мебараду аз навгониҳои интернетӣ бохабар аст. Рӯз аз рӯз ҳамвандони Манижа дар шабакаҳои интернетӣ меафзояд.

Манижа Сангин щангоми суруд хондан - Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи тоҷик дар Русия: машҳуртарин шахси Петербург ва чеҳраи рӯзнома

Масалан танҳо дар Instagram овозхоони тоҷик 255 ҳазор аъзо дорад.

Авохири моҳ, рӯзи 27 октябр Манижа Сангин дар Маскав ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки қарор буд, Манижа дар Маскав моҳи июл консерт баргузор кунад, вале бо сабаби ҳавои номусоид ҳунарнамоияш дар пойтахти Русия ба таъхир уфтод.

Пештар ин овозхони тоҷик дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ карда буд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0