Муҷозот барои саркашӣ аз пардохти алимент сангинтар мешавад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон муҷозот барои саркашӣ аз пардохти алимент сангинтар мешавад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул кард, ки бар асоси он алайҳи саркашҳо аз пардохти алимент парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. 

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, зимни муаррифии тарҳ дар гуфт, ки аслан ҳадаф аз тағйирот ҳифзи бештари ҳуқуқи кӯдакон мебошад.

Ӯ гуфт, ки бар асоси тағйиротҳо алайҳи ашхосе, ки барқасдона ба муҳлати беш аз се моҳ аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, парвандаи ҷинояӣ боз мешавад.

"Саркашҳо аз пардохти алимент то се сол аз озодӣ маҳрум мегарданд".

Вазири адлия шарҳ дод, ки тағйиру иловаҳо ба хотири ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи Рустами Шоҳмурод айни ҳол 65 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки алимент пардохт накардаанд ва миёнашон афроде низ ҳастанд, ки барқасдона саркашӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0