ДОИШ масъулияти тирандозӣ дар Лас-Вегасро бар уҳда гирифт

© AP / John LocherPolice stand at the scene of a shooting along the Las Vegas Strip, Monday, Oct. 2, 2017, in Las Vegas
Police stand at the scene of a shooting along the Las Vegas Strip, Monday, Oct. 2, 2017, in Las Vegas - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти тирандозӣ бар тамошобинони ҷашнвораи мусиқии кантрӣ дар Лас-Вегасро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино бар охирин додаҳо, дар ин тирандозӣ беш аз 50 кас куштаву камобеш 200 кас захмӣ шудааст.

Ба гузоирши шабакаи телевизюнии NBC News, тирандоз Стивен Пэддок ном доштаву 64-сола буда, ки худкушӣ кардааст.

Лас-Вегас. США. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тирандозӣ дар Лас-Вегас: камубеш 20 кушта ва беш аз 100 захмӣ

Вай аз айвони ҳутели "Mandalay Bay Hotel" тамошобинони ҷашнвораро тирборон кардааст, ки дар назди бузургтарин казино ё қиморхонаи Лас Вегас — "Mandalay Bay" — гирд омада буданд.

Ба гузориши хабаргузории France Press, масъулияти ин тирандозро созмони теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бар уҳда гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0