ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ омӯзгорони Тоҷикистонро бо иди касбиашон муборакбод гуфт.
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар сатҳи давлат ва ҳукумати кишвар таваҷҷуҳ ба мактабу маориф сол то сол афзун гардида, дар ин росто хидматҳои омӯзгорону мураббиён сазовор қадрдонӣ мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ зимни ифтитоҳи бинои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, гуфта буд:
"Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд".
"Барои пешрафти соҳаи маориф, баланд бардоштани нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷамъият имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста тадбирҳо меандешад. Таъсиси ҷоизаи раиси вилоят барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро мегиранд, фарогирии ройгони собиқадорони соҳа, омӯзгорони фаъолу навовар ба истироҳатгоҳҳо, ҳавасмандкунии пайвастаи онҳо аз зуҳуроти нави ғамхории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбати соҳибони касби бошараф маҳсуб мегардад",-гуфт раиси вилоят.
Қодирӣ дарёфти унвонҳои баланди "Муаллими соли ҷумҳурӣ" ва "Мураббияи соли ҷумҳурӣ" мушарраф гардидани ду тан тарбиятгарони насли навраси муассисаҳои таълимӣ ва томактабии вилоятро дао соли хониши 2016-2017, самараи ин таваҷҷуҳ арзёбӣ кард.
"Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан худам бори дигар кулли маорифчиёни вилоят, дар шахси онҳо собиқадорони соҳа, устодону омӯзгоронро бо иди касбиашон сидқан муборакбод гуфта, ба онҳо рӯзи хушу рӯзгори босаодат ва дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас равнақу барор хоҳонам", — гуфт раиси вилоят.