ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Олими қазоқ аз Донишгоҳи ба номи Назарбоев усули нави заряддиҳии телефони мобилиро ёфт.
Ба гузориши Sputnik Қазоқистон дар ояндаи наздик батарияе ихтироъ хоҳад шуд, ки беш аз 150 сол қодири коркунӣ дорад.
"Дар телефонҳои насли оянда батарияе хоҳад буд, ки абадан кор мекунад. Масалан чунин батарияҳо бояд беш аз 150 сол кор кунанд. Барои ихтироъ кардани чунин батария насосе барои додани сӯзишворӣ лозим аст", — нақл кард олим.
Ба гуфти олим чунин батарияҳо вуҷуд доранд, вале ҳаҷмашон бузур аст ва барои телефон рост намеояд. Батарияҳои насли нав дар асоси сӯзишворӣ кор хоҳад кард.
Фикри ихтироъи батареяи насли нав даҳ сол пеш ба сари олим омадааст. Айни замон фикри олими қазоқро олимон аз дигар кишварҳо дар амал татбиқ менамоянд.