Боздошти вакили парлумон ба иттиҳоми омода кардани бетартибиҳо барои ғасби қудрат

Экс-премьер Кыргызстана Омурбек Бабанов, архивное фото
Экс-премьер Кыргызстана Омурбек Бабанов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакили Қирғизистон Қанотбек Исоев Ба далели омода кардани бетартибиҳои сартосарӣ ва шӯришҳо барои ғасби ҳукумат дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik.  Дар Қирғизистон вакили парлумон ба иттиҳоми омода кардани бетартибиҳо ва ғасби ҳукумат дар сурати пирӯз нашудани Омурбек Бабанов дар интихобот дастгир шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Кумитаи амнияти миллӣ хабар медиҳад.

"Рӯзи 30 сентябр нисбати вакили парлумон Қанотбек Исоев ва дигар аъзоёнаш, ки ба омода кардани бетартибиҳо ва ғасби ҳукумат машғул буданд парвандаи ҷиноӣ боз шуд", — омадааст дар хабарнома.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти нависандаи маъруфи Узбакистон - Нуруллоҳ Отахонов

Пештар нисбати вакили парлумон Қанотбек Исоев парвандаи ҷиноӣ кушода шуда буд. Кумитаи амният мегӯяд, ки нисбати ин вакил ба делели омода кардани бетартибиҳо дар сурати мағлубитяи Омурбек Бабанов (номзад ба симати раисҷумҳур), дар интихобот парванда боз шудааст. 

Додситонӣ мегӯяд, ки "Исоев ҷонибдори номзад ба симати раисҷумҳурӣ-Омурбек Бабанов аст. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони алоҳида аз ҷумла намояндагони гурӯҳҳои теруристӣ барои ғасби ҳукумат дар сурати бохти Бабанов шӯришҳо ва бетартибиҳои мусаллаҳона омода мекунад".

Лентаи хабарҳо
0