КҲФ: аз заминларзаи рӯзи 29 сентябр касе осеб надидааст

© Flickr \ Matt Katzenberger / SeismographСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз дар Тоҷикистон заминларза рух дод

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Бино ба иттилои маркази зилзилсанҷии кишвар шоми рӯзи 29-уми сентябри соли равон соати 18:49 дақиқа, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ду маротиба такон хӯрд.

Маркази заминларза 135 км ҷанубу ғарб аз  шаҳри  Душанбе, дар сарҳади Ҷумҳурии Узбакистон будааст.

Показания сейсмографа. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон заминларза рух дод

Қувваи он дар марказ ба 5 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дода буд.

Дар бораи ҷунбиши замин дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарони интернетӣ хабар дода буданд.

Як корбари интернернет дар фейсбук навиштааст, "дар Истаравшан сахт замин ҷунбид". Дигар корбарон хабар доданд, ки дар шаҳри Душанбе ва Ашт низ ҳамин гуна заминларза ҳис карда шуд.    

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, хушбахтона дар паи заминларза дар ягон минтақаи Тоҷикистон талафоти ҷониву хисорот ба қайд гирифта нашудааст. 

Лентаи хабарҳо
0