Раҳимзода ба сафорати Тоҷикистон дар Чин китобҳои тоҷикӣ тақдим кард

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТБоздиди Раҳимзода аз сафорати Тоҷикистон дар Чин
Боздиди Раҳимзода аз сафорати Тоҷикистон дар Чин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба кормандони сафорати Тоҷикисттон дар Чин китобҳо бо забони тоҷикӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дирӯз дар доираи баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол дар шаҳри Пекин вазири корҳои дохили Тоҷикистон бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Давлатзода Парвиз дидор ва мулоқот кардааст.

"Зимни боздид Рамазон Раҳимзода бо ҳайъати кормандони сафорати ҳамсӯҳбат шуда, ба онҳо як зумра китоб бо забони тоҷикӣ тақдим намуд", — омадаст дар ахбарнома.

Председатель комитета по промышленной политике Торгово-промышленной палаты Кыргызстана Кубат Рахимов - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимов муносиботи Тоҷикистону Чинро бо дӯстии Гулливер ва лилипутҳо муқоиса кард

Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ ва ҳамсоягии некро ба роҳ мондааст.

"Дар муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин солҳои охир намунаи хуби ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва судманд арзи вуҷуд кардааст ва дар ин замина фазои фарохи рушду тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ фароҳам омадааст, ки ин ба нафъи суботу амнияти минтақа мебошад", — гуфтааст вазир.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Давлатзода Парвиз ба вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати ташриф ва дидорбинӣ аз сафорат ва ҳайати кормандон изҳори сипос намудааст.

Лентаи хабарҳо
0