ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба қаҳрамонони Бозиҳои V осиёӣ ва мураббиҳо худравҳо туҳфа кард.
Дар ин бора рӯзномаи "Нейтральный Туркменистан" хабар медиҳад.
Маросими туҳфасупорӣ дар Маркази созмонҳои ҷамъятии Туркманистон баргузор шудааст. Бозиҳои осиёӣ рӯзи чаҳоршанбе анҷом ёфт. Пирӯзӣ насиби дастаи варзишкорони Туркманистон шуд.
"Дар умум раисҷумҳур барои варзишкороне, ки дар Бозиҳои осиёӣ медоли тилло ба даст оварданд ва мураббиён 94 худрави тамғаи Toyota Camry GL Executive тақдим кард. Панҷоҳу чаҳор варзишкор бо медолҳои нуқрагӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори 5 ҳазор дулор, 77 варзишкрори дигар, ки медолҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд, 3 ҳазор дулор гирифтанд".
Ҳамчунин бархе аз варзишкорон ва мураббиён бо унвонҳои "Устоди шоистаи варзиши Туркманистон" ва "Мураббии шоистаи Туркманистон" сарфароз гардонида шуданд.
Зимни ҷоизасупорӣ раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ташвиқи тарбияи ҷисмониро аз афзалиятҳои сиёсати Туркманистон номида гуфт, ки "тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Туркманистон чун захираҳои пурқудрати мутаҳҳидкунанда ва дилгармкунандаи мардум барои тай кардани қуллаҳои бузург аст".
Дар Бозиҳои осиёӣ варзишкорони Туркмнистон 245 гирифтанд. Аз он — 89 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ мебошанд.
Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 125 варзишкор ширкат кард. Миллипӯшони тоҷик аз Ишқобод бо 51 медол, аз ҷумла 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ, баргаштанд. Медолҳои тиллоро Мижгона Самадова дар риштаи кикбоксинг ва Акмалиддин Каримову Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи самбо ба даст оварданд.