Фардо дар Тоҷикистон аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёд мекунанд

© SputnikГосударственный академический театр оперы и балета им. С.Айни
Государственный академический театр оперы и балета им. С.Айни - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон 30-уми сентябр ба муносибати Рӯзи Мавлоно барномаи адабиву фарҳангӣ баргузор карда мешавад

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, фардо, 30 сентябр ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддинӣ Балхӣ дар Театри Айнӣ барномаи адабиву фарҳангӣ баргузор карда мешавад.

Дар ин маросим намояндагони Вазорати фарҳанг, Вазорати маорифу илм, Фарҳангистони улум, Кумитаи забону истилоҳот, Иттифоқи нависандагон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар барномаи таҷлили Рӯзи Мавлоно намоиши адабиву мусиқии театри "Аҳорун", суханронии кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи Рӯдакӣ, шеърхонӣ ва иҷрои суруду оҳанг аз ҷониби шоирону ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0