Намояндаи Ҳизби демократии Курдистони Ироқ Бубакр Хошавӣ гуфт, агар Бағдод натиҷаҳои ҳамапурсиро напазирад, Курдистони Ироқ метавонад яктарафа истиқлолашро эълон кунад.
Григорий Лукянов, коршиноси умури Ховари Наздик, мегӯяд, натиҷаи ҳамапурсӣ аз пеш маълум буд. Ин ҳамапурсӣ дар ҳоле баргузор карда шуд, ки худи курдҳо бар сари баргузории он баҳс доштанд.
Лукьянов: вооруженные силы Багдада и Курдистана могут начать войну
"Натиҷаҳои ҳамапурсӣ нишон намедиҳад, ки курдҳо метавонанд ба зудӣ амалеро ба анҷом расонанд. Аммо ин ҳушдори хубе ба Бағдод мешавад, ки агар давлати Ироқ тангдасттар шудан гирад, Курдистон ҳатман мустақил мешавад", — мегӯяд Григорий Лукянов.
Коршинос афзудааст, вазъ муташанниҷ аст, аммо нигаҳ доштани оромӣ ба манфиати ҳар ду тараф хоҳад буд.