ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, сохтмони Марказ ҳамакнун дар марҳилаи анҷомёбист.
"Дар шаҳри Конибодом бо тарҳи созмони иҷтимоъии “Имдоди Ғайрат” ва бо сармоягузории сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохтмони Маркази буду боши рӯзонаи кӯдакони камтавон дар марҳилаи анҷомёбист", — омадааст дар иттилоия.
Интизор меравад, ки бо баҳрабардорӣ аз ин марказ кӯдакони камтавон ба маҳфилҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Гуфта мешавад, ки дар ин марказ шароити мусоид барои таҳсил ва машғулияти кӯдакон фароҳам оварда хоҳад шуд.