ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, авзоъи Сурия яке аз мавзуъҳои калидӣ дар музокироти сарони ду кишвар хоҳад буд.
Вай афзуд, ду раҳбар дар ин дидор ҳамчунин ҳамкориҳои густардаи Русия ва Туркия дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ, низомӣ, фарҳангӣ ва иҷрои дигар тарҳҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.