ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сарони кишварҳои Қирғизистон ва Узбакистон Алмосбек Отамбоев ва Шавкат Мирзиёев 5 сентябр қарордоди марзиро имзо карда буданд, ки бар асоси он 85 дарсад аз хатти марзи ду кишвар барои нахустин бор таърифу муайян шуда буд.
Дар он дидор, ки дар Бишкек баргузор шуда буд, сарони ду кишвар эълом карда буданд, ки музокирот барои муайяну таъриф кардани манотиқи баҳсбарангез, ба вижа бурунбумҳо (анклав) идома хоҳанд ёфт ва дар наздиктарин замон баргузор хоҳанд шуд.
Дар иттилоияе, ки маркази матбуотии Жогорку Кенеш — Маҷлиси қонунгузори Қирғизистон мунташир карда, гуфта мешавад, ки намояндагони маҷлис дар ҷаласаи рӯзи 28-уми сентябр пешнависи Қонуни тасвиби қарордоди марзии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбакистон аз торихи 5 сентябри 2017-ро баррасӣ ва тасвиб кардаанд.
Ин қонун пас аз он, ки сарони ҳар ду кишвар онро имзо кунанд, иҷроӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев онро дар дидорашон дар Тошканд, ки қарор аст 5 октябр баргузор шавад, имзо кунанд.