ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Чуноне ки расонаҳои Тоҷикистон иттлоъ медиҳад, имрӯз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳукми худро нисбати қазияи собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон содир кардааст.
Бино бар иттилои манобеъ, додгоҳ ҳукм кардааст, ки Сайфиддин Назарзода барои нақзи қонуни танзими ҶТ 12 ҳазору 500 сомонӣ ва қудояш Тоҷиддин Ҳабибуллоев 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шаванд.
Худи Назарзода пас аз эълони ҳукми додгоҳ гуфтааст, ба ин ҳукм розӣ нест ва ба зинаҳои болотар шинкоят мебарад. Ӯ қайд кардааст, ки "маълум шуд дар низоми додгоҳии Тоҷикистон камбудҳои ҷиддӣ нуҳуфта аст".
Имрӯз дар додгоҳи Душанбе баррасии парвандаи Сайфиддин Назарзода, мудири пешини Китобхонаи миллӣ, ва хешовандаш Тоҷиддин Ҳабибуллоев баргузор шуд.
Сайфиддин Назарзода ва Тоҷиддин Ҳабибуллоев муттаҳам ба нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим шудаанд. Дар ин додгоҳ намояндаи Додситонӣ хостори ҷарима кардани муттаҳамон шудааст.
Намояндаи додситонӣ даъвои Назарзодаро, ки гуфта кормандони Ожонси мубориза бо фасод бе даъват ба ҷашни домодии писараш омадаву онҷо филмбардорӣ кардаанд, гуфтааст, "Назарзода бояд худаш аз "ношиносҳо" мепурсид, ки кистанд ва чаро омадаанд".
Вакили мудофеъи Назарзода дар посух гуфтааст, ки "амали кормандони Ожонси мубориза бо фасод чӣ дар ҷашн ва чӣ пас аз он пурра сохтакорона ва ғайриқонунӣ буд".