ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун изҳор доштааст, ки дар пурзӯр намудани посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мерасонад.
Бино бар иттилои манбаъ, вазири бехатарии ҷамъиятӣ ин изҳороташро дар мулоқот бо вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор доштааст.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо инчунин масоили ҳамкории ду вазоратро дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба махсусан мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои трансмиллӣ, ҳамчунин масъалаҳои дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуковбударо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо вазъияти сиёсӣ ва криминогении Афғонистон, пешгирии амалҳои ҷинояткорона дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосирро муҳокима намуданд.
Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкун ҷиҳати кӯмак расонидан дар тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ибрози омодагӣ намуд. Ҳамзамон ҷониби Чин изҳор дошт, ки дар пурзӯр намудани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмаки амалии худро мерасонад.
Қайд гардид, ки муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи олӣ қарор дорад, махсусан ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин қаноатбахш арзёбӣ гардид.