ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, имрӯз дар додгоҳи Душанбе баррасии парвандаи Сайфиддин Назарзода, мудири пешини Китобхонаи миллӣ, ва хешовандаш Тоҷиддин Ҳабибуллоев баргузор шуд.
Сайфиддин Назарзода ва Тоҷиддин Ҳабибуллоев муттаҳам ба нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим шудаанд. Дар ин додгоҳ намояндаи Додситонӣ хостори ҷарима кардани муттаҳамон шудааст.
Намояндаи додситонӣ даъвои Назарзодаро, ки гуфта кормандони Ожонси мубориза бо фасод бе даъват ба ҷашни домодии писараш омадаву онҷо филмбардорӣ кардаанд, гуфтааст, "Назарзода бояд худаш аз "ношиносҳо" мепурсид, ки кистанд ва чаро омадаанд".
Вакили мудофеъи Назарзода дар посух гуфтааст, ки "амали кормандони Ожонси мубориза бо фасод чӣ дар ҷашн ва чӣ пас аз он пурра сохтакорона ва ғайриқонунӣ буд".
Гуфта мешавад, додгоҳ ҳукми ин парвандаро имрӯз соати 14 ба вақти Душанбе эълон хоҳад кард.