ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар ин мусобиқот 6 ҳазор варзишкор аз 64 кишвар дар 21 риштаи варзиш ва ҳунарҳои размӣ зӯрозмоӣ карданд. Аз Тоҷикистон дар ин бозиҳо 125 варзишкор ширкат кард. Миллипӯшони тоҷик аз Ишқобод бо 51 медол, аз ҷумла 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ, баргаштанд. Медолҳои тиллоро Мижгона Самадова дар риштаи кикбоксинг ва Акмалиддин Каримову Беҳрӯз Хоҷазода дар риштаи самбо ба даст оварданд.
Тоҷикистон бо ин дастовардҳо дар миёни 64 кишвар 17-ум ҷойгоҳро гирифт. Аз рӯи шумори медолҳо варзишкорони тоҷик дар миёни дигар дастаҳо 8-ум ҷойгоҳро ба даст оварданд.
Қаҳрамони ин Бозиҳо дастаи миллии Туркманистон шуд, ки 245 медол, аз ҷумла 80 тилло, 70 нуқра ва 86 биринҷӣ, ба даст овард. Дувум ҷойгоҳро Чин бо 97 медол, аз ҷумла 42 тилло, 32 нуқра ва 23 биринҷӣ, гирифт. Севум ҷойро Эрон бо 118 медол, аз ҷумла 36 тилло, 23 нуқра ва 59 биринҷӣ, ба даст овард.