Дастаи "Истиқлол" тими "Бенгалуру"-и Ҳиндустонро мағлуб кард

© Фото : Группа футбольной команды "Ингрия" "ВКонтакте"Российский легионер "Истиклола" Дмитрий Барков
Российский легионер Истиклола Дмитрий Барков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 18 октябр дар Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар вохӯрии аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё- 2017 дастаи "Истиқлол"-и  тими "Бенгалуру"-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. дкар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, голи ягонаро дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ  Дмитрий Барков ба ҳадаф расонидааст.

Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 18 октябр дар Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад.

Тими "Истиқлол" агар ғолиб омад,  ба даври ниҳоии Ҷоми AFC  роҳ ёфта, бо тими "Эйр-Форс"-и Ироқ рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои ниҳоии сабқат 4 ноябр барпо мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0