ВУД: шавҳар ҳамсари собиқашро бо корд кушт

© Sputnik / Mish SukharevНож, архивное фото
Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии собиқ ҳамасараш омада, бо вай ҷанҷол мекунад ва як маротиба бо корд ба аъзои бадани зан мезанад ва ҷойи ҳодиса пинҳон мешавад

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як марди 51-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро дар куштори ҳамсари собиқаш муттаҳам мекунад.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда 26-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии собиқ ҳамсараш, зани 50-солаи сокини ҳамин шаҳр омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0