Эмомалӣ Раҳмон ба раисони чанд ноҳия занг зада, супоришҳо дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон бо раисони чанде аз ноҳияҳои Тоҷикистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурдакишвардори Тоҷикистон  оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод.

Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарони ноҳияҳои Деваштич, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангворро ба иҷрои саривақти корҳо, кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, аз ҷумла ғунучини картошка ҷалб намуд.

Супоришҳо ҳамчунин доир ба захираи хуроки чорво, маводи сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои тандурустию маориф бо ангишт ва дигар маҳсулоти зарурӣ, иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, дода шуд.

Раисҷумҳур таъкид намуд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои ба мардум расондани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат, риоя ва дар амал татбиқ кардани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Лентаи хабарҳо
0