ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Узбакистон, модари ин донишҷӯи кушташуда вопасин суханҳои фарзандашро бозгӯӣ кардааст.
"Писарам аввал иқрор намекард, ки лату кӯбаш кардаанд. Мегуфт, ки худаш афтидааст. Аммо дертар пас аз ташхис пизишкон иллати захмӣ шуданашро ошкор кардаву милисаро огоҳ карданд. Ман ҳам Ҷасурро пурсуҷӯ кардам, ки росташро бигӯяд чӣ бар сараш омад ва кӣ ӯро чунин лату кӯб кардааст? Саранҷом ӯ иқрор шуд ва ҳама номҳоро гуфт", — гувоҳӣ додааст ин зан дар додгоҳ.
Вай ҳамчунин афзуда, ки писараш пеш аз марг мепурсида: "Модарҷон, чаро онҳо бо ман ин корро карданд?"
Чанде пеш дар Додгоҳи ноҳияи Миробод дар пойтахти Узбакистон нахустин ҷаласаи баррасии парвандаи куштори донишҷӯи Коллеҷи пизишкии Тошканд Ҷасурбек Иброҳимов баргузор шуд. Дар ин муҳокима, ки 3 соат давом кард, хабарнигорони бархе аз расонаҳо низ ширкат карданд. Дар курсии муттаҳамон Исломбек Тӯлаганови 18-сола нишаста буд, ки бо моддаи 104, қисми 3 Қонуни кайфарии Узбакистон "Осебрасонии шадиди ҷисмонӣ, ки марги осебдидаро дар пай доштааст" муттаҳам мешавад.
Дар ин ҷаласа додгоҳ арзи падару модари Ҷасурбекро расидагӣ кард.
Донишҷӯи Коллеҷи пизишкии Тошканд Ҷасурбек Иброҳимов аввоили моҳи июли имсол аз захмҳое, ки аз лату кӯб аз дасти ҷавони дигаре бардошта буд, ҷонашро аз даст дода буд. Ин рухдод дар Узбакистон зуд расонаӣ шуд ва вазири тандурустӣ раёсати ин коллеҷро аз симат барканор кард.
Модари Ҷасурбек ба раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев шикоят бурд, ки мақомоти интизомӣ дар пайгирии ин куштор камкорӣ мекунанд. Мардуми Тошканд дар паи ин куштор даст ба тазоҳуроти худҷӯш заданд ва аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорони ин ҳодисаро муҷозот кунанд.