ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, бар асоси қарорҳои Ҳукумати ҶТ Акрам Амонов ба далели бознишаста шудан, Суҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов ба далели гузаштан ба дигар кор аз симати муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ озод карда шуданд.
Бар асоси дигар қарорҳои Ҳукумати ҶТ Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ таъйин шудаанд.
Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов аз симати муовини аввали Раиси Кумитаи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросим озод шуда ва Амирбек Бегназаров ҷойгузинаш шудааст.
Ҳамчунин дар раёсатҳо ва ягонҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе низ тағйироти кадрӣ ворид шуд.