ДУШАНБЕ, 26 сен— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, ҷавонони вилоят ба хизмат фаро хонад мешаванд.
Тибқи қарори мазкур моҳҳои октябр-ноябри соли 2017 дар вилоят шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар асоси қарори мазкур барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис дода хоҳад шуд.