ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раҳбари ин ҳайъат, муовини шаҳрдори Санкт-Петербург Анна Митянина дирӯз бо шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дидор кард.
Ба гузориши шаҳрдории Душанбе, дар ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои Душанбе ва Санкт-Петербург баррасӣ шудааст. Ёдоварӣ шуда, ки равобити бародаронаи ин ду шаҳр 6 октябри соли 1991 оғоз ёфта ва барои густариши ин равобит 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ, илмӣ-фаннӣ ва фарҳангӣ миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Санкт-Петербург имзо шудааст.
Рустам Эмомалӣ ва Анна Митянина дар бораи бунёди корхонаҳои санъатии муштарак, коркарди маҳсулоти кишварзӣ ва санъатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург дар рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи пизишкиву санъатӣ, ҳамкориҳо дар бахши хадамоти шаҳрдорӣ, омӯзишу тандурустӣ, аз ҷумла афзудани саҳмия барои донишҷӯён дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург, ташкили давраҳои омӯзиши забони русӣ ва баргузории имтиҳонҳо барои муҳоҷирони корӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароитҳои арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ гуфтугӯ карданд.
Дар поёни ин дидор Анна Митянина ва муовини шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода Протоколи замимаи Созишномаи ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ, илмӣ-фаннӣ ва фарҳангӣ миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Санкт-Петербург аз 28 апрели соли 1999 ва Нақшаи барномаҳои иҷрои амалии он барои солҳои 2017-2018-ро имзо карданд.