ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҳунармандони машҳури тоҷик Сурайё Қосимова, Шабнам Сурайё ва Фарзона Хуршед дар Душанбе консерт баргузор мекунанд.
Бино бар иттилои саҳфаи интернетии Tamoshow, консерти ин ҳунармандони попи тоҷик дар пойтахт ду рӯз баргузор мешавад.
Сурайё Қосимова бо ду духтар ва домодаш — Фаридун Хуршед 19 — 20-уми октябр дар "Амфетеатр" ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Чуноне, ки баргузоркунандагони ин консерт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ин барнома дар сатҳи олӣ баргузор хоҳад шуд, ки шояд "дар ду — се соли ахир дар Тоҷикистон мисолаш набуд".
Ба гуфтаи масъулин, нархи билетҳо аз 200 то 300 сомонӣ аст.