Маслиҳати Шурои уламо ба мардуми Ҳисор барои гурезонидани ҷинҳо

Обуна шудан
Шурои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба мактуби як корбари интернетӣ, ки аз ҳуқуми махлуқ ба мардум дар Ҳисор шикоят бурдааст, маслиҳат додааст барои гурезонидани ҷинҳо Қуръон хонанд ва азон гӯянд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро Аҳмадҷон муаррифӣ кардаст, ба вебгоҳи Маркази исломии ҶТ, Шурои уламо мактуб навишта, шикоят бурдааст, ки дар ноҳияи Ҳисор якчанд рӯз аст, ки махлуқ ё ҷондоре мардумро азоб дода истодааст.

Вай дар давоми мактубаш менависад, "онҳо бегоҳиҳо ба шикор баромада, ба занону кӯдакон ҳамла мекунанд ва мардумро метарсонанд. Шаб то рӯз мардум аз тарс намехобанд. Ба хонаҳояшон санг меандозанд ва дару тирезаҳояшонро шикастанӣ мешаванд."

Аҳмадҷон аз Шурои уламои Тоҷикистон пурсидааст, ки дар ин ҳолат чӣ кор кунанд?

Дар посух ба суоли ин корбар Шурои уламо посух додааст, ки бояд сараввал мардуми деҳа ба мақомоти мавҷудаи ноҳия муроҷиат кунанд.

"Аз нигоҳи динӣ ҷинҳо аз оёти Қуръон ва садои азон мегурезанд. Шумо бо овози баланд Қуръон хонед ва азон гӯед, иншоаллоҳ мушкилатон бартараф хоҳад шуд",- омадааст дар посухи Шурои уламо.

Ёдовар мешавем, чанде пеш расонаҳои Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар ноҳияи Ҳисор зуҳуроти номаълуме ба мардум ҳуҷум мекунад ва шабҳаногом ба дару теразаҳои хонаҳояшон санг мепартояд.

Лентаи хабарҳо
0