Ҳамаш гуноҳи ту!: Мураббӣ пас аз сабқат доварро муштборон кард

Обуна шудан
Муштзан ва мураббӣ пас аз мағлубият қасосашонро аз довар гирифтанд. Дар чорякфиналии Ҷоми федератсияи бокси Қазоқистон Роҳат ва Ерик Марҷикпаевҳо ба сару шиками довар чанд мушти обдор заданд

Ин наворро Раҳим Ошаков ном коршиноси қазоқ дар интернет паҳн кардааст.

Мураббӣ, ки аз натиҷаҳои доварӣ норозигӣ мекард, доварро лату кӯб кард. Ба вай муштзан низ ҳамроҳ шуд.

Гуфта мешавад устоду шогирд барои ин амалашон ба муддати муайян аз ҳаққи ширкат дар сабқатҳо маҳрум мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0